Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши тунди Карзай ба куштор дар Қандаҳор


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай қатли дастикам 16 нафари мулкӣ аз сӯи як сарбози амрикоӣ дар вилояти Қандаҳорро ҳамчун “куштори барқасдона” маҳкум кард ва аз паймони НАТО ташреҳ хост. Бино ба хабарҳо, як сержанти амрикоӣ шаби гузашта аз пойгоҳаш берун рафта, ба чанд манзил дар рустои Аликозайи улусволии Панҷвоӣ ҳамла кардааст. Вазорати умури дохилаи Афғонистон низ гуфт, аз ин қазия сахт таккон хӯрда ва андӯҳгин шудааст. Сухангӯи ин вазорат Сиддиқ Сиддиқӣ гуфт, онҳо ба таҳқиқи мӯшикофонаи қазия исрор меварзанд. НАТО гуфт, ин сарбоз дастгир шудааст. Сафорати Амрико низ ваъда супурд, ки ӯ ба масъулият кашонда хоҳад шуд. Далели иқдоми сарбоз ба ин ҳамлаи хунин рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG