Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул қатли 16 мулкӣ дар Қандаҳорро маҳкум кард


Вазорати умури дохилаи Афғонистон қатли 16 нафари мулкӣ аз сӯи як сарбози амрикоӣ дар вилояти Қандаҳорро шадидан маҳкум кард. Сухангӯи ин вазорат Сиддиқ Сиддиқӣ гуфт, қазия мӯшикофона таҳқиқ хоҳад шуд. Ҷовид Аҳмад Файсал, сухангӯи волии Қандаҳор гуфт, як сарбози амрикоӣ шаби гузашта аз пойгоҳаш берун рафта, ба чанд манзил дар рустои Аликозайи улусволии Панҷвоӣ ҳамла кардааст. НАТО билофосила барои ин ҳодисаи “амиқан таассуфовар” узр хост ва гуфт, ин сарбоз дастгир шудааст. Сафорати Амрико низ ваъда супурд, ки ӯ ба масъулият кашонда хоҳад шуд. Далели иқдоми сарбоз ба ин ҳамлаи хунин рӯшан нест.
XS
SM
MD
LG