Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Тоҷикистон дар бобати Фейсбук


Сафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов
Сафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) Нуриддин Шамсов дар изҳороте ба баёнияи Дания -- раҳбари даврии Иттиҳодияи Аврупо ва баёнияи Иёлоти Муттаҳида дар мавриди озодии Интернет ва матбуоти Тоҷикистон посух гуфт. Ӯ баён дошт, ки Тоҷикистон “дастрасӣ ба иттилоъро ҳаққи бунёдӣ ва таҳкурсии ҷомеаи озод ва демократӣ” мешуморад, вале мӯътақид аст, ки ҳар кишвари узв дар “таъмини амнияти миллӣ ва эътидол ва ҳамчунин ҳимоят аз фазои миллии иттилоотӣ ва дар мубориза бо ҷиноятҳои кибернетӣ нақши қонунӣ дорад.” Дар номаи сафир инчунин гуфта мешавад, матбуот ва Интернет дар ҷомеаи демократӣ бояд барои оқибатҳои аъмоли худ посухгӯ бошанд ва ба меъёрҳои баландтарини ахлоқию ҳирфаӣ арҷ гузоранд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз Тоҷикистон хоста буд, дастрасӣ ба Фейсбук ва чаҳор торнамои хабариро барқарор кунад.
XS
SM
MD
LG