Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брейвик барои ҳамлаи террористӣ маҳкум шуд


Андерс Брейвик
Андерс Брейвик
Андерс Брейвик, ки масъулияти ҳамла ва куштори 77 нафарро дар Осло-пойтахти Норвегия эътироф карда буд, барои амали террористӣ маҳкум ба зиндон шуд. Дар ин ҳамла 242 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд. Вакилони мудофеи вай ба зиндон рафтанд, то ҳукми додгоҳро ба вай бирасонанд. Додситонҳо гуфтаанд, ки Брейвик бемори рӯҳист ва вай набояд зиндонӣ шавад, балки бояд аз ин беморӣ муолиҷа бигирад. Худи Брейвик худро муттаҳам намедонад. Дар ҷараёни мурофиа Брейвик қурбониёни худро “хоинони ватан” номид. Вай аз сиёсатҳои муҳоҷират дар Норвегия интиқод кард ва иддао кард, ки ин кишвар ба мустамликаи ислом табдил хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG