Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма боиси ҳалокати даҳҳо афғон гардид


Дар вилояти Бадахшон, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон, бар асари тарма дасти кам 40 нафар ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, ду деҳаи воқеъ дар баландкӯҳ зери тарма мондаанд. Ду нафар то ҳол беному нишонанд ва барои пайдо кардани онҳо чархболҳои Артиши миллии Афғонистон ва гурӯҳи наҷотбахшӣ сафарбар шудаанд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ориф Нозимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар минтақаи Дарвози Тоҷикистон ҳам тарма фуромад ва аммо талафоте дар пай надошт.

Имсол дар манотиқи шарқии Тоҷикистон ва дар шимолу шарқи Афғонистон барфи бесобиқа рехт ва бар асари ин ҳаракати нақлиёт масдуд шуда, даҳҳо деҳаҳои кӯҳии афғон дар муҳосираи барф қарор гирифтанд.
XS
SM
MD
LG