Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ҳимояти Амрико аз Исроилро замонат дод


Мулоқоти Обама ва Нетаяҳу
Мулоқоти Обама ва Нетаяҳу
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил гуфт, ки уҳдадориҳои Амрико дар бораи амнияти Исроил “хеле қатъист”. Нетаняҳу машғули боздид аз Амрикост. Дар оғози музокироти Кохи Сафед бо Нетаняҳу Обама гуфт, ки “Амрико ҳамеша аз Исроил ҳимоят мекунад”. Дар ин музокирот аслан масъалаи барномаҳои ҳастаии Эрон баррасӣ мешавад. Нетаняҳу дар посух ба суханони Обама изҳор дошт, ки Исроил бояд “таъйинкунандаи сарнавишти худаш бошад”. Амрико ва Исроил шак доранд, ки ҳадафи барномаҳои ҳастаии Эрон иҷоди силоҳи ҳастаӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG