Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куфӣ Аннон рӯзи 10 март ба Сурия хоҳад рафт


Куфӣ Аннон
Куфӣ Аннон
Лигаи Араб гуфт, Куфӣ Аннон рӯзи 10 март озими Димишқ мешавад. Собиқ дабири кулли СММ ахиран фиристодаи хоси СММ ва Лигаи Араб дар Сурия таъйин шуд. Имрӯз Валерӣ Амос – раҳбари барномаҳои башарии СММ низ хабар дод, ки Сурия билохира ба сафари ӯ иҷозат додааст. Амос рӯзи 7 март бо як боздиди дурӯза ба Димишқ хоҳад рафт. СММ мегӯяд, тайи қариб 1 соли саркӯбии эътирозҳо алайҳи режими Башор Асад дар ин кишвари арабӣ беш аз 7500 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG