Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва ҷаҳони Ислом: Кӣ чӣ мехоҳад?


Таҷлил аз 1310-солагии Имом Абӯҳанифа дар Тоҷикистон. Моҳи октябри соли 2009
Таҷлил аз 1310-солагии Имом Абӯҳанифа дар Тоҷикистон. Моҳи октябри соли 2009

Тоҷикистон дар даврони пойбарҷоии Шӯравӣ бо кишвару созмонҳои исломӣ ё мусулмонӣ иртиботе надошт.

Фурӯ рехтани пойдевори ин ҳукумат дари ҳамкорӣ бо кишвару созмонҳои исломиро ба рӯи Тоҷикистон боз кард. Ҳоло Душанбе бо бештар аз 20 кишвари мусулмоннишини дунё, ҳамчунин созмону бонкҳои исломӣ, ҳамкорӣ дорад.

Пайванду ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҷаҳони Исломро чанде пеш коршиноси масъалаҳои дину мазҳаб, Фаррух Умаров дар китобе хулоса кардааст. Гуфтугӯ бо муаллифро аз ин суол шурӯъ кардем, ки оё таърихи ин ҳамкориҳо барои натиҷагирӣ кофӣ будааст?

Фаррух Умаров: “Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишвар мусулмон ва созмонҳои минтақаии исломӣ аз солҳои навадуми қарни гузашта ва бо ба даст омадани истиқлолият оғоз ёфтааст. Ин ҳамкориҳо яке аз нишонаҳои мустақилияти Тоҷикистон буд. Зеро дар даврони Шӯравии пешин Тоҷикистон имкон надошт, ки ба таври мустақим бо кишварҳои мусулмонӣ ва созмонҳои исломӣ ҳамкорӣ кунад. Ҳатто соли 1974 аз ҷониби Эрон чунин иқдом гирифта шуд, ки консулгарии ин кишвар ба Тоҷикистон интиқол дода шавад. Чун мо кишварҳои ҳамдину ҳамзабон ҳастем. Аммо марказ дар он замон ба ин кор иҷоза надод. Тавре мебинем, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ҷумҳурии исломии Эрон аз ҷумлаи нахустин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кард. Баъдан кишварҳои дигари исломӣ ва мусулмон ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро ба роҳ монданд. Ҳоло Тоҷикистон бо беш аз 20 кишвари мусулмонӣ ва исломӣ ё робитаи дипломатӣ барқарор кардааст ва ё дар бахшҳои мухталиф ҳамкорӣ дорад.”

Радиои Озодӣ: Ҳадаф аз ин ҳамкориҳо то куҷо манфиатҷӯӣ ва то куҷо ҳамраъйии динӣ будааст?

Фаррух Умаров
Фаррух Умаров
Фаррух Умаров: “Ин ҳамкориҳо, тавре мебинем, бештар дар бахши иқтисодӣ ҷараён доранд ва густариш меёбанд. Дар барномаи кори Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ (СҲИ) гуфта шудааст, ки ягон узви ин созмон ҳақ надорад, ба кори узви дигари он дахолат намояд. Яъне системаи амниятии кишварҳои мусулмон дар доираи ин созмон матраҳ нест. Ин созмон бештар созмони фарҳангиву иқтисодӣ аст. Ҷанбаи низомии ин созмон хеле заиф мебошад. Аммо дар ҳамраъйӣ метавонад ин созмон иқдомоти дипломатӣ бигирад. Барои мисол, соли 1979, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ҳамлаи низомӣ бурд, Созмони Конфронси Исломӣ (ҳоло Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ) тасмим гирифт, ки бозиҳои олимпӣ дар Маскавро таҳрим бикунад. Барои ҳалли масъалаҳои амниятӣ ин созмон на ба иқдомоти низомӣ, балки ба иқдомоти дипломатӣ даст мезанад.”

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ ҒАРБУ ИСЛОМ

Радиои Озодӣ: Оё кишварҳои ғарбӣ, ки бо Тоҷикистон муносибати хуб доранд ва кӯмаки молӣ мекунанд, аз робитаи Душанбе бо кишварҳои исломӣ, махсусан Эрон то куҷо розиянд? Бархӯрдашон чӣ гуна аст?

Фаррух Умаров: “Вақте дар доираи манфиатҳои милливу давлатии худ амал мекунем ва қонунҳои байналмилалиро риоя менамоем, ҳам Шарқ ва ҳам Ғарб ба сиёсати хориҷии мо муносибати яксон хоҳанд дошт. Ин ҷо то ҳанӯз аз ҷониби ягон давлати ғарбӣ нисбат ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон эътирозе сурат нагирифтааст.”

Радиои Озодӣ: Вақте тарҳи қонуни масъулияти волидайн баррасӣ мешуд, Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ аз мақомоти тоҷик хост, то онро имзо накунанд. Барои он банде, ки рафтани то 18-солаҳоро ба масҷид манъ мекард. Вале Тоҷикистон ин қонунро тасвиб намуд. Оё дар ин замина халал ворид нашуд?

Фаррух Умаров: “Ҳамон тавре мебинем, ба муносибатҳои байни кишварҳо халал нарасонидааст. Чунки, агар мо ба қазияҳои диниву эътиқодӣ дахолат кунем, дар худи Эрон ҳам масоил зиёданд. Мо агар ба ин масоил хӯрдагирӣ кунем, ҳамкориҳои мо метавонанд мутаваққиф шаванд.”

ТЕҲРОН АЗ ДУШАНБЕ ЧӢ МЕХОҲАД?

Радиои Озодӣ: Аз миёни кишварҳои исломӣ дар ҳоли ҳозир Эрон ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар дорад ва аз ҷумлаи сармоягузорони аслӣ дар баробари Русияву Чин мебошад. Теҳрон бо ин сармоягузориву тарафгириҳо аз Душанбе чӣ мехоҳад?

Фаррух Умаров: “Аслан ба назари ман ду омил аст, ки Эронро ба Тоҷикистон наздиктар мекунад. Яке омили фарҳангӣ, дигаре омили геостратегӣ. Эрон дар муҳосираи кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва таҳрими кишварҳои ғарбӣ қарор дорад. Аз ин рӯ, Теҳрон мехоҳад ба воситаи Осиёи Марказӣ аз бунбаст раҳо шавад. Яъне Эрон ният дорад, Осиёи Марказиро ҳамчун як ҳалқаи ҳамкорӣ бо Чину Русия истифода барад.”

"МУНОСИБАТ ДАР МАҶМӮЪ БАД НЕСТ"

Радиои Озодӣ: Бисёриҳо ба ин фикранд, ки мақомот баробари ба миён кашидани баҳсҳои кӯчак диндоронро дар муқобили худ қарор додаанд. Ба унвони коршинос аз шеваи муносибати мақомоти Тоҷикистон бо диндорон то куҷо розӣ ҳастед?

Фаррух Умаров: “Муҳити динии мо дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтар аст. Масалан, иҷозаи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, афзоиши теъдоди масҷидҳо... Ҳамаи инҳо далели онанд, ки муносибат куллан бад нест. Вале баъзе аз ҳолатҳое мешаванд, ки метавонанд муҳити динии Тоҷикистонро халалдор созанд. Мо бо Афғонистон ҳамсоягӣ дорем. Вақте Тоҷикистон дар масъалаи динӣ тасмим мегирад, пеш аз ҳама ҳадафаш ҷилавгирӣ аз нуфузи идеологияи бегона дар кишвар аст. То ҳамин фаҳмиши анъанавии мо дар бораи Ислом халалдор нашавад.”

МОДЕЛИ ТУРКӢ... НАМЕШАВАД

Радиои Озодӣ: Баъзе гурӯҳҳо пешниҳод доранд, ки Тоҷикистон бояд модели туркии ҳамзистии дунявиҳо ва мазҳабиҳоро бипазирад. Дар ин маврид чӣ фикр доред?

Фаррух Умаров: “Ҳар як давлат вижагии худро дорад. Он моделе, ки дар Туркия вуҷуд дорад, дар тӯли қариб 70 сол ба вуҷуд омадааст. Тавре медонем, ин модел ду ҳадаф дорад. Аввал созиши байни мусулмонони дуянвӣ ва бунёдгароҳо дар дохили Туркия ва дувум, ворид шудани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо. Аз ин хотир, ин модел дурага аст ва заминаи хеле прагматикӣ дорад. Бо ин модел Туркия метавонад худро ба Аврупо ҳамчун кишвари демократӣ ва ба ҷаҳони ислом ҳамчун кишвари исломӣ намоиш диҳад. Барои Тоҷикистон чунин ҳадафҳо бегонаанд. Туркия собиқаи императорӣ дошт ва мехоҳад ҳамин императориро дар шакли дигар эҳё кунад. Тоҷикистон чунин ҳадафҳо надорад. Аз ин хотир, муносибате, ки дар Тоҷикистон аст, асли он дар Қонуни асосӣ таҷассум ёфтааст, ки яке аз ин аслҳо ягон идеология ба унвони идеология давлатӣ пазируфта намешавад.”
XS
SM
MD
LG