Аз шаҳри Қуба, воқеъ дар шимоли Озарбойҷон, зиреҳпӯшҳо берун карда шуданд ва аммо дар бахше аз маҳаллаҳо нерӯҳои полис боқӣ монданд.
Рӯзи панҷшанбе ҳазорон сокинони ин шаҳр бо талаби истеъфои мири Қуба Рауф Ҳабибов ба хиёбонҳо рехтанд. Шаҳрдор дар як суханонӣ мардумро "хоин" ва "фурӯхташуда" номид.
Намоиши эътирозӣ ба бенизомиҳо печид. Дар бархӯрд чанд тан аз эътирозгарон ва кормандони полис маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти амниятӣ 22 нафарро барои чанд муддат дастгир карданд.
Ахиран талаби эътирозгарон иҷро шуд – Рауф Ҳабибовро аз мақомаш барканор карданд. Дар робита ба беназмиҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.