Давлати Беларус аз сафирони ИА ва Лаҳистон хост, тарки кишвар кунанд. Вазорати хориҷаи Беларус ҳамчунин гуфт, ки Минск сафиронаш дар ИА ва Лаҳистонро низ “барои машварат” фаро мехонад. Ин иқдом ба дунболи қарори дирӯзаи Шӯрои Аврупо ҷиҳати эъмоли таҳримоти бештар алайҳи афроди марбут ба давлати Аляксандр Лукашенка эълон шуд. Далели таҳримот таъқиби мухолифини сиёсӣ дар Беларус гуфта мешавад. Аммо вазорати хориҷаи Беларус ин таҳримотро баёнгари сиёсати фишори ошкори ИА номид.