Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷудоии Нодир аз Симин" соҳиби "Оскар" шуд


Асғар Фарҳодӣ дар маросими эътои ҷоизаҳои "Оскар" дар Ҳолливуд
Асғар Фарҳодӣ дар маросими эътои ҷоизаҳои "Оскар" дар Ҳолливуд
Филми “Ҷудоии Нодир аз Симин”-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ дар маросими вижае дар Ҳолливуди Амрико ҷоизаи имсолаи “Оскар” барои беҳтарин филми хориҷиро ба даст овард. Ин дувумин филми эронист, ки ба “Оскар” пешбарӣ шудааст ва ҳам нахустин филми эроние, ки барандаи ин мӯътабартарин ҷоизаи синамои ҷаҳонӣ шуд. “Ҷудоии Нодир аз Симин” достони зану шавҳарест, ки ҷудошавии онҳо ба суннатҳо, қавонин ва муносиботи зану мард дар Эрони имрӯз гиреҳ хӯрдааст.
XS
SM
MD
LG