Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанга Баҳодур Дангӣ - қадпасттарин сокини сайёра


Чанга Баҳодур Дангӣ
Чанга Баҳодур Дангӣ
Сокини 72-солаи Непал қадпасттарин сокини сайёра дар беш аз 50 соли ахир шинохта шуд.

Имрӯз намояндагони китоби рекордҳои Гиннес дар маросими расмии чен кардани қади Чанга Баҳодур Дангӣ ширкат доштанд ва расман эълом дштанд, ки қади ӯ ҳамагӣ 54 сантиметр аст. Дангӣ дар як деҳаи дурдаст, дар 400 килеметрии пойтахти Непал шаҳри Катманду ба сар мебарад. Панҷ бародари ӯ қадду қомати миёна доранд.

Китоби рекордҳои Гиннес 57 сол боз дар бораи қадбаландтарин ва қадпасттарин сокинони замин иттилоъ медиҳад.
XS
SM
MD
LG