Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи раъйпурсӣ дар Сурия бархӯрдҳо идома карданд


Мақомоти Сурия аз сатҳи баланди ширкати мардум дар райъпурсӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонунии асосии кишвар хабар доданд. Бар пояи тағйирот, дар кишвар низоми бисёрҳизбӣ ҷорӣ мешавад ва баъд аз се моҳи наздик дар Сурия интихоботи парлумонӣ доир хоҳад шуд.

Мухолифин раъйпурсиро таҳрим кардаанд ва ҳамоно истеъфои раисиҷумҳур Башор Асадро талаб доранд. Кишварҳои Ғарб, аз ҷумла, ИМА Димишқро барои он интиқод мекунанд, ки раъйпурсиро дар вазъи идомаи ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ба мухолифин дар чанд шаҳр баргузор кардааст.

Бархӯрдҳо дар Сурия рӯзи раъйпурсӣ ҳам идома доштанд. Аз шаҳри Ҳумс дар бораи ҳалокати 9 сокини осоишта ва чаҳор сарбози ҳукуматӣ хабар расид. Рӯзи шанбе бар асари амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар шаҳрҳои гуногуни Сурия тақрибан сад нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG