Вазири маорифи Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони нашриётҳо аз онҳо ба тундӣ интиқод кардааст. Нуриддин Саидов ба ноширон барои анҷоми чопи китобҳои дарсӣ то 2 март фурсат дод. Оқои Саидов гуфт, аз 31 китоби дарсӣ, ки дар 18 нашриёт мунтазири чоп истодаанд, то имрӯз ҳамагӣ 3 номгӯ пурра чоп шудааст. Ин дар ҳолест ки китобҳои дарсӣ бояд ҳанӯз 6 моҳ пеш аз дасти чоп берун шуда, дар ихтиёри толибилмон қарор мегирифтанд.