Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири молияи Юнон: Кишвар аз кобус наҷот ёфт


Вазири молияи Юнон Евангелос Венизелос мегӯяд, ёрии баробар бо 130 миллиард евро кившари ӯро аз кобуси ваҳшатангез раҳо хоҳад кард. Вай гуфт, ин таҳаввули муҳим ба кишвараш имкониятҳои нав медиҳад ва Юнон омодааст, аз ин имконият истифода кунад. Қарор аст, акнун Юнон боз як тарҳи сарфаҷӯиро дар пеш гирад, ки ба 3 миллиард евро баробар буда, чораҳои нохушояндеро ба ҷомеа пешниҳод мекунад. Бино бар назарсанҷиҳо ду ҳизби эътилофи ҳоким пас аз ин барномаҳо дар интихоботи моҳи апрел шикаст хоҳанд хӯрд.
XS
SM
MD
LG