Раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов нахустин таъинот дар ҳукуматаш баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 12 февралро ба амал овард. Бердимуҳаммадов, ки дар интихобот расман 97 дарсад раъй гирифт, Ғунча Мамедоваро аз симати муовинӣ ба мақоми вазири фарҳанг таъйин кардааст. Қизигул Нургелдиева, ҳамин тавр, раҳбари Хадамоти давлати табъу нашр, Бекдурдӣ Амонсариев дигарбора раҳбари Хадамоти иттилоот ва Шодурдӣ Аловов раиси Кумитаи радиову телевизион ва синамои Туркманистон таъйин шуданд.