Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай бо ду рӯҳонии саршиноси Покистон мулоқот кард


Рӯзи шанбе Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар Покистон бо Мавлоно Самиулҳақ-рӯҳоние, ки бо Толибон иртибот дорад, мулоқот кард, Толибоне, ки бар зидди ҳукумати Афғонистон мубориза мекунанд. Ассошиейтед Пресс аз қавли Самиулҳақ навиштааст, ки вай ба раванди сулҳи Афғонистон кӯмак мекунад, агар рӯшан шавад, ки Карзай аз Толибон чӣ мехоҳад. Қозӣ Ҳусейн Аҳмад-рӯҳонии дигари наздик ба Самиулҳақ низ гуфтааст, ки бо раҳбари Афғонистон мулоқот кардааст.
XS
SM
MD
LG