Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бердимуҳаммадов бо бартарии комил пирӯз шудааст


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон ба таври расмӣ дар интихобот бори дигар бо бартарии қотеъ раиси ҷумҳур интихоб шудааст. Бино ба хабари Комиссияи марказии интихоботии Туркманистон, Бердимуҳаммадов 97,14 дарсад рай гирифтааст. Таҳлилгарон натиҷаҳои интихоборро ғайри қобили пешбинӣ намедонанд, зеро дар ин кишвари худкомаи Осиёи Марказӣ 7 нафар номзади дигар, яне рақибони Бердимуҳаммадов шинохтанашуда буданд ва онҳо номзадҳои сохтае буданд, ки бояд алтернативӣ будани интихоботро нишон медоданд. Қурбонгулӣ Бердимуҳммадов аз соли 2006 баъд аз даргузашти Сафармурод Ниёзов раҳбарии Туркманистонро бар ӯҳда дорад. Нозирони ғарбӣ барои назорарт бар интихобот даъват нашуда буданд.
XS
SM
MD
LG