Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Узбакистон масоили марзиро баррасӣ мекунанд


Дар Тошканд Музаффар Ҳусейнов-сафири Тоҷикистон дар Узбакистон бо Комил Рашидов-муовини вазири корҳои хориҷаи Узбакистон муносибатҳои миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар додааст. Бино ба ин хабар, дар охири моҳи феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои марзӣ баргузор мешавад. Раҳбарии ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Абдураҳим Қаҳҳоров-дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва ҳайати Узбакистонро Рустам Азимов-муовини нахуствазир бар ӯҳда хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG