Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Ромнӣ дар аёлати Мейн


Митт Ромнӣ
Митт Ромнӣ
Митт Ромнӣ дар сабқати номзадҳои ҷумҳурихоҳ дар аёлати Мейн бар Рон Пол ғолиб омад. Ромнӣ дар Мейн ба 39 фоизи оро ва рақибаш ба 36 дарсад даст ёфтанд. Ромнӣ ба пирӯзӣ дар ин аёлат зарурат дошт, чунки рӯзи 7 феврал дар интихоботи муқаддамотии ҷумҳурихоҳон дар 3 аёлати Колорадо, Миннесота ва Миссурӣ аз Рик Санторум шикаст хӯрда буд. Санторум аммо дар Мейн ҳамагӣ 18 дарсад овоз гирифт. Номзади ниҳоии ҷумҳурихоҳон дар интихоботи моҳи ноябри раёсатҷумҳурии Амрико ғолибан бо Барак Обама вориди рақобат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG