Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол ҳам аз қурбониёни баҳманмоҳ ёд накарданд


Рӯзи 12 феврал ба ошӯбҳои хунини моҳи феврали соли 1990 дар пойтахти Тоҷикистон 22 сол пур шуд. Давлат тазоҳургарони ҷамъшуда дар хиёбони марказии Душанберо бо зӯр пароканда кард ва 25 кас ҳам кушта шуд. Се раҳбари аввали кишвар – Қаҳҳор Маҳкамов, Иззатуллоҳ Ҳаёев ва Ғоибназар Паллаев – таҳти фишори эътирозгарон истеъфо доданд, вале баъди 3 рӯз дар иҷлоси кумитаи марказии ҳизби коммунист аз иҷрои ин тааҳҳуд даст кашиданд. Имсол ҳам ба муносибати солгарди “баҳманмоҳи хунин” дар Душанбе маросими хосе доир нашуд.
XS
SM
MD
LG