Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сояи истеъфо дар болои сари сарвазири Қирғизистон


Омурбек Бабанов
Омурбек Бабанов
Сарвазири Қирғизистон Омурбек Бабанов имрӯз ба парлумон гуфт, агар даст доштанаш дар харидории қариб 9000 тонна ангишти олуда ба маводи радиоактивӣ аз Қазоқистон собит шавад, омода ҳаст, ки истеъфо диҳад. Аҳзоби мухолиф Бабанов ва раисиҷумҳур Алмосбек Ҳотамбоевро масъули харидории ин миқдори бузурги ангишти олуда дар моҳи сентябр меноманд. Мақомот мегӯянд, 7 мансабддорро ба иллати роҳ додан ба ин тиҷорат ва тавзеъи ангишти олуда дар мактабҳои вилояти шимолии Чуй боздошт кардаанд. Тавофуқ шуда, ки ин ангиштро ба Қазоқистон баргардонанд.
XS
SM
MD
LG