Бино ба гузориши яке аз рӯзномаҳои амрикоӣ, Вашингтон ба нақша гирифтааст, ки сафоратхонаи бузурги худро дар Ироқ хурдтар кунад ва бад-ин тариқ аз масорифи зиёд сарфаҷӯӣ намояд. Ҳоло дар ин сафоратхона 16 000 нафар кор мекунанд ва ин бузургтарин намояндагии дипломатӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Рӯзномаи New York Times менависад, Вашингтон ба нақша гирифтааст, ки нисфи коргарони ин намояндагиро кам кунад. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико аз додани тавзеҳот дар ин бора худдорӣ кард, вале коҳиши кормандони сафоратро таъйид намуд.