Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти чанд эронӣ бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Би-би-сӣ


Мақомоти интизомии Эрон чанд нафарро рӯзи душанбе боздошт кардаанд. Хабаргузории нимарасмии “Меҳр” гузориш додааст, ки гӯё онҳо бо кормандони бахши форсии Би-би-сӣ ҳамкорӣ доштаанд. То ҳол шумораи боздоштшудагон рӯшан нест. Аммо бахши форсии Би-би-сӣ дар Лондон дар изҳороте гуфтааст, ки дар дохили Эрон хабарнигор ё рӯзноманигори ҳамкор надоранд. Би-би-сӣ гуфтааст, ин гузориш барои ононе, ки дар матбуоти мустақил кор мекунанд, мавриди нигаронии шадид аст. Моҳи октябр Эрон ду филмноманависро, ки барои чунин гуноҳ зиндонӣ шуда буданд раҳо кард. Ҳафтаи гузашта бахши форсии Би-би-сӣ Эронро муттаҳам кард, ки хешовандони кормандони Би-би-си-ро дар Эрон ҳадаф қарор додааст ва бад-ин тариқ ба кормандон фишор меорад.
XS
SM
MD
LG