Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 нафар дар таркиши газ дар Лоҳур


Бар асари таркиши зоҳиран газ як корхонаи сеқабата дар шаҳри Лоҳури Покистон фурӯ рехта, дастикам 5 нафар дар ин сониҳа ҷон бохтаанд. Гурӯҳҳои наҷотбахш ба ҷустуҷӯи афроде, ки бовар меравад, дар зери овори корхона дармондаанд, идома медиҳанд. Сухангӯи пулис Сарафроз Фалакӣ гуфт, «50 -60 нафар дар зери овор боқӣ мемонанд.» Ин корхонаи тавлиди дорувор дар маҳалли аҳолинишини Лоҳур ғайриқонунӣ сохта шуда буд.
XS
SM
MD
LG