Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони як сартарошидаи рус дар Иркутск


Бино ба хабари ИТАР-ТАСС, додгоҳи вилояти Иркутски Русия Вадим Дудниковро бо ҷурми ҳамдастӣ дар қатли ду муҳоҷир аз Қирғизистону Узбакистон ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи додгоҳ, Дудников узви гурӯҳи сартарошидаҳо буд, ки ин ду хориҷиро дар тирамоҳи соли 2009 дар заминаи адовати қавмӣ куштанд. Се узви дигари ин гурӯҳ, бо шумули раҳбараш Евгений Панов, дар моҳи сентябр ба мӯҳлати аз 9 то 18 сол маҳкум ба зиндон шуданд.
XS
SM
MD
LG