Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон ба таҳкими ҳамкориҳои Амрико ва Аврупо барои эҳёи ҷаҳонии иқтисодиёт ва рушди демократия дар ҷаҳони араб даъват кард. Дар 48-умин конфаронси амнияти Мюнхен, Клинтон гуфт, Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо зулм дар кишварҳое мисли Сурия, ки раҳбараш Башор Асад, ба гуфтаи ӯ , мардуми худро ҳадафи бераҳмӣ қарор додааст, китф ба китф ҳам гузоранд. Вай ҳамчунин ба якпорчагӣ дар масъалаҳои иқтисодӣ даъват кард, то ба эҳёи ҳамдигарӣ мадад расонда шавад.