Додгоҳи олии Покистон эълон кард, ки қасд дорад сарвазир Юсуфризо Гелониро ба беамалӣ дар амри гушоиши дубораи парвандаи фасод алайҳи раиси ин ҷумҳурӣ Осифалӣ Зардорӣ айбдор кунад. Қозӣ Носирулмулк ба Додгоҳи олӣ гуфт, бо вуҷуди исрори кобина ба ин нукта ки Зардорӣ ҳамчун президент масуният дорад ва таҳқиқи дубораи парвандааш хориҷ аз тавони давлат аст, замина барои таъқиби Гелонӣ вуҷуд дорад. Қозӣ гуфт, Гелониро рӯзи 13 феврал ба мурофиа даъват кардаанд. Дар сурати дайни шудани иттиҳом, Гелонӣ метавонад ба 6 моҳи зиндон маҳкум шуда, курсии сарвазириро аз даст диҳад, ки роҳро ба интихоботи пеш аз мӯҳлат боз хоҳад кард. Аммо вакили ӯ Аитзоз Аҳсан гуфт, ин ҳукмро метавон бозбинӣ кард ва барканории Гелонӣ бояд тавассути парлумон амалӣ шавад.