Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситораи танзи Миср барои таҳқири Ислом ҷазо гирифт


Ҳунарпеша Абул Имом ва боздиди ӯ аз мактабҳои Иироқ ба ҳайси сафири сулҳи СММ.
Ҳунарпеша Абул Имом ва боздиди ӯ аз мактабҳои Иироқ ба ҳайси сафири сулҳи СММ.
Яке аз машҳуртарин ҳунарпешаи мазҳакавии Миср, Абдул Имом барои таҳқири Ислом дар нақшҳои саҳнавӣ ва синемоияш ба се моҳи ҳабс маҳкум шуд. Имом дар 40 соли ҳунарнамоияш ҳамаи анвои мансабдорон ва сиёсатмадоронро ҳадафи танз қарор додааст. Додгоҳ ӯро ҳамчунин 170 доллар ҷарима баст. Имомро вакил Арсон Мансур, ки бино бар хабарҳо бо исломгароён рабт дорад, ба додгоҳ кашид. Муҳокима ва муҷозоти коргардонҳо, наққошон ва мутафаккирон барои беэҳтиромӣ ба мақомоти динӣ дар Миср фаровон ба назар мерасад, аммо шӯҳрати Имом ва баъд аз пирӯзии исломгароён дар интихобот ба вуқӯъ пайвастани муҳокима таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кардааст.
XS
SM
MD
LG