Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Гелонӣ дар як баста хокаи сиёҳзахм фиристодаанд


Юсуфризо Гелонӣ
Юсуфризо Гелонӣ
Мақомоти Покистон мегӯянд, як бастаи ҳомили хокаи сафеди ангезандаи марази қаттоли сиёҳзахм (сибирская язва)-ро ба дафтари сарвазир Юсуфризо Гелонӣ фиристодаанд. Акрам Шаҳидӣ, сухангӯи Гелонӣ гуфт, ин баста ҳанӯз дар поёни моҳи октябр расида буд ва гумон меравад, аз ҷониби як зане, ки профессори Донишгоҳи Ҷеймсборо дар вилояти Синд будааст, ирсол шуда бошад. Касе сироят нашудааст ва рӯшан нест, ки ғарази он зан чӣ буд? Аммо Шаҳидӣ нагуфт, ки он зан боздошт шудааст ё хайр?
XS
SM
MD
LG