Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафти нирӯҳои Асад дар канораҳои Димишқ


Чирикиҳои Артиши озоди Сурия (Акс аз бойгонӣ)
Чирикиҳои Артиши озоди Сурия (Акс аз бойгонӣ)
Нирӯҳои давлатии Сурия, бино ба хабарҳо, канораҳои шарқии Димишқро аз дасти ҷангиёни мухолифин кашида гирифтаанд. Ҷанг бо нирӯҳои Артиши озоди Сурия дар минтақаи бо пойтахт ҳаммарзи Ғавта ду рӯз боз идома дошт. Сухангӯи Артиши озоди Сурия аз таъйиди хабари ақибнишинии мухолифин худдорӣ кард, вале гуфт, тонкҳо вориди Ғавта шудаанд. Аммо ӯ афзуд, ки чирикиҳо дар атрофи Димишқ фаъъол боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG