Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди 10-уми таъсиси Радиои Афғонистони Озод


Имрӯз, 30 январ аз оғози пахши барномаҳои Радиои Афғонистони Озод дуруст 10 сол пур мешавад. Радиои Озодӣ рӯзи 30 январи соли 2002 ба пахши барномаҳояш ба забонҳои дариву пашту оғоз кард. Аз соли 1985 то 1993 дар таркиби Радиои Озодӣ бахшҳои дариву пашту вуҷуд дошт, ки ба муҷарради хатми Ҷанги сард баста шуд. Аммо дар пайи шурӯъи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон зарурати азсаргирии пахши барномаҳои Радиои Озодӣ бо ин ду забон дигарбора пеш омад. Феълан Радиои Афғонистони Озод 12 соат дар шабонарӯз барнома пахш мекунад, ки 6 соаташ ба дарӣ ва 6 соати дигараш ба забони паштуст.
XS
SM
MD
LG