Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Исроилу Фаластин дар Урдун натиҷа надод


Мақомоти расмии Фаластин мегӯянд, ки музокироти ахири омӯзишии онҳо бо ҳайати Исроил дар бораи аз сар гирифтани музокироти сулҳ бе натиҷа анҷом ёфтааст. Аз оғози соли ҷорӣ то ҳол ҳайатҳои ду ҷониб дар Урдун 5 мулоқот анҷом доданд ва роҳҳои бозгашт ба музокироти маъмулии сулҳро баррасӣ карданд. Ин музокирот соли 2010 қатъ шуда буд. Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин ба нақша гирифтааст, ки дар ҳафтаҳои оянда бо кишварҳои Ҷомеаи Араб дар ин бора машварат кунад.
XS
SM
MD
LG