Пайвандҳои дастрасӣ

Таъкиди СММ. Ба коҳиши шиддат дар баҳси Эрон


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ)

Дабири кулли СММ аз ҳамаи тарафҳои марбут ба баҳси ҳастаии Эрон даъват кард, шиддати ин баҳсро коҳиш диҳанд.

Бан Кӣ Мун аз Теҳрон хост, таҳдиди худро ба бастани танга ё гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки гузаргоҳи бахши бузурге аз нафти ҷаҳон аст, амалӣ накунад.

“Ин баҳс роҳе ба ҷуз аз ҳалли осоишта надорад”,- гуфт Бан Кӣ Мун ба хабарнигорон ва афзуд, “забони таҳдид кӯмак нахоҳад кард.”

Ба қавли ӯ, "ин, яъне гулӯгоҳи Ҳурмуз, як маҳалли бисёр муҳим барои тиҷорати байнулмилалист ва биноан гузар барои ҳар киштӣ бояд озод буда, тибқи Қонуни баҳрнавардӣ ҳимоят шавад.”

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Теҳронро ба ҳамкорӣ бо Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ даъват кард. Пештар Сандуқи Байнулмилалии Пул гуфт, дар ҳоли баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз нархи нафт метавонад то 30 доллар барои як бушка боло биравад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG