Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Обама ба Хоманаӣ. Ҳушдор ё дархост?


Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон
Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон

Эрон рӯзи якшанбе таъйид кард, ки паёмеро аз сӯи Амрико дар бораи қазияи тангии Ҳурмуз дарёфт кардааст.

Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи якшанбе гуфт, Теҳрон паёме аз сӯи Амрико дарёфт кард, вале ҳанӯз тасмиме дар бораи посух додан ба он нагирифтааст. Вай дар бораи ҷузиёти ин нома ишора накард.

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймз ҳафтаи пеш аз ирсоли паёме аз сӯи Амрико ба Эрон хабар дода буд, ки дар он Амрико ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон дар бораи паёмадҳои бастани гулӯгоҳи стратегии Ҳурмуз ҳушдор дод.
Ню-Йорк Таймз ба нақл аз мақомҳои амрикоӣ, ки номашонро фош накардааст, менависад: «Кохи Сафед дар паёми худ баён кардааст, дар сурати чунин иқдоме аз сӯи Ҷумҳурии Исломӣ, вокуниш нишон хоҳад дод."

Киштии ҳавопаймобари амрикоӣ дар обҳои Халиҷи Форс (акс аз бойгонӣ)
Киштии ҳавопаймобари амрикоӣ дар обҳои Халиҷи Форс (акс аз бойгонӣ)
Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон-ИРНА, оқои Меҳмонпараст гуфт: «Мо номаи Амрико дар мавриди гулӯгоҳи Ҳурмузро аз се роҳ дарёфт кардем. Ҳам дафтари намояндагии Эрон дар СММ онро ба мо ирсол намуд, ҳам нусхаи онро сафири Суис дар Эрон ба унвони ҳофизи манфиатҳои Амрико фиристод ва ҳамчунин Ҷалол Толибонӣ, раиси ҷумҳури Ироқ ин паёмро ба Эрон мунтақил кардааст.»

Вай афзуд: «Дар ҳоли ҳозир машғули баррасии нома ҳастем ва агар ҳис кунем ниёзе ба посух бошад, ба он ҷавоб медиҳем, вале дар ҳоли ҳозир ба баррасиҳои худамон идома медиҳем.»

Оқои Меҳмонпараст ҳамчунин гуфт: «Тангии Ҳурмуз шоҳроҳи ҳаётӣ барои таъмини энержии мавриди ниёзи дунё аст. Табиатан Эрон тамоми тавони худро барои амнияти он ба кор хоҳад гирифт ва тамоми тавони дифоии мо барои таъмини амнияти ин минтақа аст.»

Вай афзудааст: «Таъмини амнияти Халиҷи Форс ва тангии Ҳурмуз иқдоме ҳамагонӣ аст ва бархе қудратҳои хориҷ аз ин минтақа наметавонанд дар мавриди он тасмим бигиранд. Ин гуна аҳдофи сиёсӣ ва иқдомоте, ки онҳо дунбол мекунанд, таҳдидкунандаи сулҳу субот ва амнияти Халиҷи Форс аст ва ба бархе аз кишварҳои ғарбӣ, ки мегӯянд Эрон мехоҳад амнияти минтақаро ба ҳам бизанад, посух медиҳем, ки барои мо авлавияти аслӣ таъмини амнияти Халиҷи Форс аст ва амнияти он барои мо беш аз ҳама кишварҳои даъвогар аст."

Тангии Ҳурмуз нақши стратегӣ дар интиқоли энержӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ дорад ва тибқи омори идораи иттилооти энержии Амрико, дар соли 2009 рӯзона 15,5 миллион бушкаи нафти хом, баробар ба ҳудуди 17 дарсади кулли нафти содиротии ҷаҳон аз ин гулӯгоҳ ба бозорҳои ҷаҳон мунтақил шудааст.

РАЗМОИШИ ДАРЁИИ ЭРОН ( НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Гулӯгоҳи Ҳурмуз. Размоиши дарёии Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:17 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG