Пайвандҳои дастрасӣ

Аксҳои бараҳна ва ҷанҷолофарини Гулшефта


Гулшефтаи Фароҳонӣ

Акси бараҳнаи Гулшефтаи Фароҳонӣ, як ҳунарпешаи эронӣ дар маҷаллаи фаронсавии Le Figaro баҳсеро дар ҷомеаи Эрон ба по кардааст.

Вебсайти фаронсизабоне низ ин ҳафта клипи видеоиро рӯи саҳфаи худ гузошт, ки дар он ҳафт бозигари номзад ба ҷоизаи "Оскари синамои Фаронса" дар ҳоли бараҳна шудан дида мешаванд. Гулшефтаи Фароҳонӣ яке аз ин ҳунармандон аст.

Интишори сареъ ё зуди ду акси Гулшефта, ки дар яке аз ин аксҳо нимтанаи рости ӯ ба сурати бараҳна дида мешавад, боиси авҷ гирифтани баҳсҳо ва изҳори назарҳои зиёд дар вебсайту блогҳои форсизабон шудааст.

Мақомҳои эронӣ ва расонаҳои давлатии ин кишвар аз ин тасвирҳои бараҳнаи ҳунарпешаи ҷавон Гулшефтаи Фароҳонӣ интиқод карда ва онро "мояи бадномӣ" донистаанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, мақомоти Эрон гуфтаанд, Гулшефтаи Фароҳонӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар Фаронса зиндагӣ мекунад, дигар ба ватанаш бознагардад. Аммо Фароҳонӣ мегӯяд, ин тасвирҳои нимабараҳнаи худро бар рағми нақз ё поймолшавии ҳуқуқи занон дар Эрон нашр кардааст.

Ин ҳунарпешаи ҷавони эронӣ як сол қабл бо нигаронӣ аз қонунҳои шариат, ки синамои Эронро таҳти назорати шадид қарор додаву озодиҳои ҳунармандонро маҳдуд кардааст, кишвари худро тарк намуда буд.

Аз "Озодӣ": Аксҳои Гулшефтаи Фароҳонӣ, ҳунарпешаи ҷавони эронӣ

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG