Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ ҳамёнашро бозтар мекунад


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, дар ихтиёри кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки оқибатҳои бади бӯҳрони ҳавзаи евроро эҳсос мекунанд, 27 миллиард доллар хоҳад гузошт. Дар баёнияи ин бонк омадааст, бӯҳрони ҳавзаи евро ба тиҷорат ва муомилоти молиии кишварҳои шӯравии собиқ ва ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон таъсири манфӣ гузоштааст. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ 27 миллиард доллар барои ду соли оянда ва барои кӯмак ба соҳибкории хурду миёна, нигаҳдошти тавозуни молӣ ва кӯмак ба мардуми камбизоат дода мешавад.
XS
SM
MD
LG