Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чойхонаву синфхона ба ҷои масҷид


Мақомоти Хатлон 70 масҷидеро, ки аз қайди давлатӣ нагузаштаанд, ба муассисаҳои фарҳангӣ, чойхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ табдил додаанд.

Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, дар маҷмӯъ дар шаҳру навоҳии ҷанубии Тоҷикистон дарҳои 229 биное, ки ғайриқонунӣ барои намозгузории мусалмонон истифода мешуд, баста шуд. Вай афзуд, барои ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва иншоотҳои иҷтимоӣ табдил додани ин биноҳо низ мақомоти ҳукумати маҳаллӣ тадбирҳо меандешанд.

Ҳамакнун мавзӯи ба чойхонаю синфхона ва муассисаҳои фарҳангӣ бадал шудани масҷидҳо дар маркази таваҷҷӯҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ қарор гирифтааст. Хайриннисо Кенҷаева, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Панҷи вилояти
Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон
Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон
Хатлон, мегӯяд, дар ин ноҳияи сарҳадии Тоҷикистон ҳам фаъолияти 5 масҷид қатъ гардидааст.

«Фаъолияти панҷ масҷиди ғайрирасмиамонро дигаргун кардем. Ба ҷойи онҳо чойхона, бунгоҳҳои тиббӣ ва нуқтаҳои варзишӣ ташкил додем. Ҳоло марҳилаи омодасозии ҳуҷҷатҳо ҷараён дорад ва ояндаи наздик аз буҷаи маҳаллӣ барои таҷҳизонидани ин бунгоҳҳо маблағ ихтисос дода хоҳад шуд. Дар масҷиде, ки ҳоло чойхона шудааст, мардум метавонанд тӯю сур ва дигар маъракаҳои худро анҷом диҳанд. Мардуми маҳаллӣ бо розигии худашон ин масҷидҳоро табдил кардаанд. Дар маҷлисҳои деҳа тасдиқ карданд. Ҳоло сокинони ин деҳаҳо барои адои намоз ба масҷиди деҳаҳои ҳамсоя мераванд», - мегӯяд хонум Кенҷаева.

Аммо мақомоти ноҳияи Панҷ аз зикри мавзеи масҷиди табдилшуда ба бунгоҳҳои тиббӣ худдорӣ карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи як сокини ноҳияи Панҷ, масҷиди деҳаи воқеъ дар ҷамоати «Намуна»-ро расман бастаанд, аммо мардон ҳамоно ба сурати пинҳонӣ он ҷо барои ибодат мераванд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти додситонӣ ҳам ба таҳқиқи авзои масоҷид дар вилояти Хатлон пардохта, бархе имом-хатибонро бинобар мутобиқат накардани масҷидҳо ба талаботи санитарӣ танбеҳ додаанд. Аммо Саидҷони
Саидҷони Сорбонхоҷа, муовини муфтии Тоҷикистон
Саидҷони Сорбонхоҷа, муовини муфтии Тоҷикистон
Сорбонхоҷа, муовини муфти Тоҷикистон ин иддаоҳоро бепоя хонда мегӯяд, мақомоти тафтишотиро мебояд, бештар ба вазъи санитарии бозору ошхонаҳо ва дигар муассисаҳо таваҷҷӯҳ кунанд, то ба масоҷид.

«Прокуратураи шаҳру вилоят масҷидҳои моро мебинанду ошхонаҳои ғализ, дискотекаю барҳоро дида наметавонанд?! Таомҳое, ки дар бозорҳо дар ҳолати ғайрисанитарӣ таҳия мешаванд, чаро манъ намекунанд?! Бояд аввал чунин мавзеъҳоро бисанҷанд. Иншоллоҳ, дар Тоҷикистон агар ду ҷойи тозаю пок бошад, яке аз он масҷидҳои вилояти Хатлон аст…»

Вале ба иддаои бархе коршиносони маҳаллӣ, ба бунгоҳҳои тиббию муассисаҳои фарҳангӣ ва синфхонаҳо табдил додани масоҷид як амали тарҳрезишудаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ба хотири поин бурдани теъдоди муассисаҳои динӣ мебошад.

Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони хатлонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, «ин далел ки шумораи масҷидҳо дар вилояти Хатлон (тибқи омори расмӣ) аз шумораи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бештар шудааст, ҳамеша ғаши мақомоти ҳукуматро меорад.»

«Як маҳалла ё деҳкадае, ки 500-600 хоҷагӣ, оила он ҷо
Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони хатлонии ҲНИТ
Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони хатлонии ҲНИТ
зиндагӣ мекунад, чаро як масҷид надошта бошад? Беҳтар аст, ки ба рӯйи мушкилоти мардум ва ҳукумат мушкили дигаре зам накунем ва ҳам эътирози оммавиро дар миёни одамон ба бор наорем, балки дар расмисозии санадҳои ин масҷидҳо кӯмак кунем, дар сабтиноми онҳо мусоидат намоем, фаъолияташро расмӣ кунем. Албатта агар ҳадафи аслии мо қасдан кам кардани шумораи масҷидҳо набошад. Лекин, чунин ба назар мерасад, ки ҳадаф маҳз ҳамин аст, на қонунисозии фаъолияти онҳо…»,- афзуд ҷаноби Ваҳҳобов.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои Фатҳулло Ҳурматов, раиси кумитаи заминсозии вилояти Хатлон, ҳоло наздики 500 масҷиду ибодатгоҳ дар қаламрави вилояти Хатлон сертификати ҳуқуқи истифодаи замин надоранд. Яъне аз 1718 масҷиде, ки дар шаҳру навоҳии ҷанубии Тоҷикистон фаъоланд, танҳо чизе беш аз 1200 масҷид дорои чунин сертификат будаанд.

Ҳукумати ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон ҳам ахиран хабар дод, ки «фаъолияти ғайриқонунӣ»-и 16 масҷиди панҷвақтаи маҳаллиро ошкор карда, маҳз бо сабаби, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, «қайди давлатӣ надоштанашон», ин масоҷидро баста ва ба муассисаҳои фарҳангию китобхонаҳо табдил додаанд.
XS
SM
MD
LG