Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сурия мехоҳад, нозирони араб се моҳи дигар бимонанд


Хабаргузории давлатии Сурия, САНА, мегӯяд, Димишқ розист, ки мӯҳлати ҳузури нозирони Лигаи Арабро се моҳи дигар дароз кунад. Гуфта мешавад, дар ин бора Вазорати умури хориҷии Сурия ба Лигаи Араб нома фиристодааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс гуфтаанд, нозиронро худро аз ҳайат фаро мехонанд, зеро Димишқ ҳеҷ аломати ҳамкорӣ намедиҳад
XS
SM
MD
LG