Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шариф Раҳимзода: Аз Бонки миллӣ ба вазорат


Шариф Раҳимзода то ин вақт раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд
Шариф Раҳимзода то ин вақт раиси Бонки миллии Тоҷикистон буд

Фаррух Ҳамралиев аз мақоми вазири рушди иқтисод барканор ва Шариф Раҳимзода ҷойгузини ӯ шудааст.

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар аз мақомаш барканор ва мушовири давлатии президент дар умури иқтисод таъйин шуд.

Вай аз соли 2009 ба инҷониб раҳбарии вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аз ин пештар, раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон буд.

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар курсии вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиевро иваз кардааст.

Ҷаноби Раҳимзода аз соли 1994 то 2008 муовини раиси Бонки миллӣ, сипас, раиси Кумитаи назорати молиявии давлатӣ, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо ва раиси Кумитаи сармоягузорӣ буд.

Вай соли 2008, пас аз барканории Муродалӣ Алимардон, ки ҳоло муовини нахуствазир аст, ба Бонки миллии Тоҷикистон омад.

Абдуҷаббор Ширинов, ки то кунун сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд, бо фармони дигари раисиҷумҳур раҳбари нави Бонки миллӣ таъйин гардидааст. Ӯ тӯли панҷ соли охир сафири Тоҷикистон дар Амрико буд.

Аз бойгонии "Озодӣ": Гуфтугӯ бо Абдуҷаббор Ширинов

XS
SM
MD
LG