Ба навиштаи нашрияи русии “Коммерсант” Маскав бархилофи таҳримҳои Ғарб зидди ҳукумати раисиҷумҳур Башор Асад, ба Сурия ҳавопаймоҳои ҷангӣ хоҳад фурӯхт. Ба нақл аз манобеи ифшонашудааш, ин нашрия мегӯяд, Русия ба нархи 550 миллион доллар ба Сурия 36 ҳавопаймои Як-130 хоҳад дод. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико Виктория Нуланд гуфт, агар ин хабар дуруст бошад, он “қобили нигаронӣ” буда метавонад.
“Ҳамонгуна ки моҳҳост, мегӯем, ба бовари қатъии мо, кишваре, ки ҳамоно ба Сурия силоҳ ё муҳимот мефурӯшад, бояд ду бор фикр кунад, зеро он дар тарафи ғалати таърих қарор хоҳад дошт. Он силоҳҳо зидди бегуноҳон истифода шуда метавонанд ва мешаванд.”
Созмони Милал мегӯяд, аз оғози ошӯбҳои зидди Асад дар моҳи марти соли гузашта дар Сурия 5400 нафар кушта шудаанд.