Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Ҳуқуқи инсон дар Афғонистон "зери соя" меравад


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) мегӯяд, вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон “комилан зери соя”-и омодагиҳо ба хуруҷи нерӯҳои байнулмилал қарор ёфтааст. Дар гузориши солонааш ин ниҳод менависад, талошҳои НАТО ба омӯзониши нерӯҳои полиси иборат аз 134 000 ва артиши иборат аз 171 600 сарбоз бо “мушкилоти ҷиддӣ” рӯбарӯст. Созмон ба камғизоӣ, вуруди ошӯбгарон, бесаводӣ ва нақзи ҷиддӣ дар байни сарбозон ишора кардааст. Дар натиҷа, полис ва нерӯҳои амнияти маҳаллӣ ба куштор, одамрабоӣ, рейдҳои ғайриқонунӣ ва латукӯби одамон машғуланд. Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, ҷомеаи афғон ҳамоно ба мухторияти занон ва талоши онҳо ба муқовимат бо издивоҷи иҷборӣ “нигоҳи хасмона” дорад. Муаллифони гузориш инчунин аз коҳиши сармоягузорӣ ва кӯмакҳои молии ҷомеаи ҷаҳонӣ ниграон шудаанд.
XS
SM
MD
LG