Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав цехи хурди қаннодии муҳоҷиронро бастанд


Хадамоти муҳоҷирати Русия хабар додааст, ки дар шаҳри Маскав дар кӯчаи Лазенский-2 10 нафар шаҳрвандони Узбакистон, ки бидуни ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар як цехи қаннодӣ кор мекарданд, боздошт шудаанд. Онҳо иҷозаи корӣ надоштанд ва ғайриқонунӣ фаъолият мекарданд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, соҳиби цех ва соҳиби бино низ ба ҷазои маъмурӣ кашонда мешаванд. Дар гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон низ бо ҳамин гуна фаъолияти ғайриқонунӣ ҷазои маъмурӣ гирифта буданд.
XS
SM
MD
LG