Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимов: Тоҷикистон ба дастгир кардани ҷинояткор омода аст


Рамазон Раҳимов
Рамазон Раҳимов
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон изҳор дошт, ки омода аст дар расидагии сӯиқасд ба ҷони рӯзноманигор Додоҷон Атовуллоев ҳамкорӣ кунад. Генерал Рамазон Раҳимов-вазири нав рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, аз ҳодисаи ҳамла ба ин рӯзноманигори тоҷики муқими Маскав аз матбуот огаҳӣ ёфтааст. Вай афзуд, то кунун ҳеҷ дархост ё муроҷиате аз сӯи ниҳодҳои интизомии Русия дар робита бо расидагӣ ба ин сӯиқасд дарёфт нашудаст. Оқои Раҳимов гуфт:

“Мо тайёр ҳастем, ки агар аз тарафи Душанбе даст дошта бошад касе, тайёр ҳастем, ки дастгир кунем. Ҳамкории мо бо мақомоти корҳои дохилаи Русия бисёр хуб аст”.

Оқои Раҳимов гуфт, агар оқои Атовуллоев гунаҳгори аниқро донад, пешниҳод кунад, мо вайро дастгир мекунем.
XS
SM
MD
LG