Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Коста Конкордиа 5 ҷасади дигар ёфтанд


Маъмурони наҷот дар Итолиё ҷасади 5 нафари дигарро аз дохили киштии саёҳие пайдо кардаанд, ки ҳафтаи гузашта ба фалокат дучор шуд. Дар маҷмӯъ теъдоди қурбониёни ин фалокат ба 11 нафар расид ва сарнавишти 24 киштинишастагон ҳанӯз маълум нест. Киштии "Коста Конкордиа" бо 4200 нафар мусофиру маллоҳонаш рӯзи ҷумъа 13 январ дар соҳилҳои ғарбии Итолиё ба гил нишаст ва сарнагун шуд. Капитан ва ё нохудои киштиро дар ин фалокат гунаҳкор медонанд, ки гӯё хато карда ва киштиро ба самти нодуруст ҳидоят кардааст. Додситони Итолиё амр додааст, Франческо Скетинно, капитани киштӣ, ки қатл аз рӯи беэҳтиётӣ ва раҳо кардани киштӣ муттаҳам мешавад, то то замони таъйид шудани иттиҳомот аз боздоштгоҳ раҳо кунанд ва ӯро ба ҳабси хонагӣ бигиранд.
XS
SM
MD
LG