Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои аввалияи интихоботи Қазоқистон эълом мешавад


Қарор аст, имрӯз натиҷаҳои аввалияи интихоботи порлумонии Қазоқистон эълом шавад. Ба гуфтаи мақомот, дар интихоботи рӯзи якшанбе бештар аз 75 дар сади мардум раъй додаанд. Қувондиқ Турғунқулов, раиси Кумиссиёни Марказии Интихоботи Қазоқистон дар ин бора гуфт:"Аз миёни 9 миллиону 300 ҳазор раъйдиҳандагони сабти ном шуда, 6 миллиону 980 ҳазор нафари онҳо ба қитъаҳои интихоботӣ омаданд. Дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 75.07 дар сади мардум раъй додаанд." Интихоботи порлумонӣ дар Қазоқистон як моҳ баъд аз ошӯбҳои маргбор дар як минтақаи нафтхез баргузор шуд, ки дар он ба гуфтаи мақомот 17 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG