Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА алайҳи боз се ширкати ҳамкори Эрон таҳримҳо ҷорӣ кард


Яке аз муассисаҳои ҳастаии Эрон
Яке аз муассисаҳои ҳастаии Эрон
ИМА алайҳи се ширкати энергетикии хориҷӣ, ки бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд, таҳримҳо ҷорӣ намуд. Миёни онҳо – ширкати давлатии Чин ҳам ҳаст, ки бузургтарин содиркунандаи бензин ва дигар маҳсулоти тайёри нафтӣ ба Эрон маҳсуб мешавад.

Таҳримҳо бо барномаи ҳастаии Эрон марбутанд, ки ба иддаои ИМА, аҳдлфи низомӣ дорад.

Аз ин пеш Ҷопон изҳор намуд, ки таҳримҳои зиддиэронии Амрико ҳамроҳ мешавад ва харидории нафти Эронро ба тадриҷ кам мекунад.Қарор аст, ки Иттиҳодияи Аврупо ҳам ба зудӣ мавзӯъи эълони эмбаргои нафти Эронро эълон кунад.
XS
SM
MD
LG