Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсияти ду сарбози бадрафтори амрикоӣ ошкор шуд


ouTube video shows what is believed to be U.S. Marines urinating on the bodies of dead Taliban soldiers in Afghanistan
ouTube video shows what is believed to be U.S. Marines urinating on the bodies of dead Taliban soldiers in Afghanistan
Шахсияти ҳадди аққал ду тан аз чаҳор низомии амрикоӣ, ки дар як сабти видеоӣ ба ҷасадҳои толибони кушташуда дар Афғонистон беэҳтиромӣ кардаанд, ошкор шудааст.

Ба иттилои ҳайати фармондеҳии корпуси нерӯҳои дарёгарди ИМА, навор, ки дар сомонаи ЮТюб гузошта шудааст, асл аст. Муаллифи сабти видеоӣ то ҳанӯз маълум нест.

Леон Паннета, вазири дифоъи Амрико, баъди нашри сабти видеоӣ дастур дод, ки навори беҳурматӣ нисбат ба ҷасадҳои ҷангҷӯёни Толиб таҳқиқ шавад ва дар сурати дуруст будани он сарбозони гунаҳкор ҷазои cазовор бигиранд. Ахиран Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико ҳам, ахиран гуфт, "ҳар нафаре, ки дар ин ҳодиса даст дорад ё дар ин бора медонист, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад".

Ҳайати фармондеҳии НАТО дар Афғонистон изҳор намуд, ки аз ин ҳодиса хашин аст. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз бадрафтории сарбозони амрикоӣ изҳори норозигӣ ва нигаронӣ кард.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон" ин ҳодисаро “барбарона” хонд, ва аммо гуфт, ки он ба ҷараёни музокироти сулҳ дар Афғонистон таъсире нахоҳад дошт
XS
SM
MD
LG