Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як нозири Лигаи Араб Сурияро тарк кард


Як нозири Лигаи Араб Сурияро тарк кард ва мегӯяд, бо он ки нозирон шоҳиди саҳнаҳои мудҳиши хушунат дар Сурия шуданд, дар пешгирӣ аз онҳо коре накарданд. Нозир аз Алҷазоир Анвар Малик ба матбуот гуфт, вай 15 рӯзро дар шаҳри Ҳумс ба сар бурд ва саҳнаҳои мудҳишу “ҷасадҳои сӯхта”-ро дид. Дастаи нозирони Лигаи Араб аз 165 нафар иборат буда, кори худро дар сурия 26-уми декабр сар карда буд. Вазифаи он мушоҳидаи вазъе буд, ки даҳ моҳ ба ин сӯ дар Сурия идома дошт ва ба гуфтаи Созмони Милал дар ин муддат 5000 нафар кушта шудаанд. Аммо Малик мегӯяд, нозирон амалан ба режими Асад хидмат кардаанд, зеро ба он имкон додаанд, ки қатли мардумро идома диҳад.
XS
SM
MD
LG