Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 муддаӣ ба интихоботи президентии Туркманистон


Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов
Мақомоти интихоботии Туркманистон номзадии омӯзгори мактаб аз Ишқобод Оина Обоева ба интихоботи рёсати ин ҷумҳуриро сабт накард. Оина Обоева гуфт, ӯ ҳанӯз моҳи декабр аз сӯи Ҷунбиши сабтношудаи ҷомиаи шаҳрвандӣ пешбарӣ шуда буд, вале дар Ишқобод касе ба онҳо гӯш надод. Аммо як мақоми Куммиссиюни марказии интихобот гуфт, ҷунбиш қабл аз пешбарии номзад бояд худ сабти ном шавад. То кунун барои ширкат дар интихоботи 12 феврал 8 нафар, аз ҷумла раисиҷумҳури кунунии Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, сабти ном шуда, асноди 7 муддаии дигар дар дасти баррасист. Вале онҳо аксар мақомоти расмианд, ки зоҳиран ба хотири пуррақобат нишон додани фазо ба интихобот “эъзом” шудаанд.
XS
SM
MD
LG